С У Х А Н И Р Ў З - Донишгоҳи давлатии Бохтар

8
6 феврали соли 2020. № 3 (410) Нашрияи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ф урўг Дониш андар кони љонат гавњар аст! Носири Хусрав АЗ НИШАСТИ МАТБУОТЇ ДАР ИН ШУМОРА: Баррасии масъалањои мубрам Амале, ки боиси нигаронї шудааст Таљрибаомўзї масъулият аст Саразм – ёдгории беназир Як факултет дар масири рушд Китоб - дунёи рангини ормонњо Номи мувофиќ бозгўкунандаи њусни инсон аст Сањ. 2 Сањ. 3 Сањ. 4 Сањ. 6 Сањ. 7 Сањ. 8 Сањ. 5 СУХАНИ РЎЗ Б арои нобуд сохтани њар гуна миллат силоњи ќатли ом лозим нест. Танњо коста намудани сифати тањсилот ва бо муњассилин иљозат додани фиребу найранг дар имтињонњо басанда аст. Он гоњ беморон аз дасти чунин табибон мемиранд, биноњо аз дасти чунин муњандисон фурў мерезанд, маблаѓњо аз дасти чунин иќтисоддонону муњосибон ба боди фано мераванд, адолат аз дасти чунин њуќуќшиносону додрасон аз миён бардошта мешавад. Хулоса, костагии тањсилот - ин заволи миллат аст. Иќтибос аз катибае, ки дар даромадгоњи яке аз донишгоњњои муътабар овехта шудааст. Дар толори бинои асосии Донишгоњи давлатии Бох- тар ба номи Носири Хусрав рўзи 31.01.2020 бо ишти- роки намояндагони ВАО-и вилоят ва љумњурї нишасти матбуотї доир гардид. Дар он ректори донишгоњ Дав- латзода Сайфиддин Хайрид- дин, муовинон ва мушовири он, сардорони раёсатњо, му- дирони шуъбањо, деканњои факултањо, иттифоќи касаба, роњбарони гимназия ва коллељи омўзгории назди донишгоњ иштирок до- штанд. Мавриди зикр аст, ки ниша- сти матбуотии мазкур мутобиќ ба Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, дар асо- си мактуби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20.12.2017, №26/10-221 ва 1729 , тасдиќи вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 23.01. 2020 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотї беш аз 30 нафар намояндагони расонањои хабарии вилоят ва љумњурї тањти роњбарии сарму- тахассиси шуъбаи иттилооти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Носирљон Маъмурзода њузур до- штанд. Нишасти матбуотиро рек- тори донишгоњ, профессор Дав- латзода С.Х. њусни оѓоз бахши- да, оид ба дастовардњои устодон дар бахши таълим, тарбия, илм ва иќтисоду сохтмон суханронї намуд. Мавсуф аз љумла афзуд, ки Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар давоми мављудияташ теъдоди зиёди мутахассисони риштањои мухталифро тарбият намуда, ба иќтисоди миллии кишвар пешнињод намудааст. Имрўзњо хатмкардагони донишгоњро дар тамоми риштањои иќтисоди мил- лии кишвар дидан мумкин аст, ки ањлона ба хотири тањаќќуќи ормонњои миллї фаъолият на- муда истодаанд. Дар нишасти матбуотї на- мояндагони 23 расонањои ха- барии вилоятиву љумњуриявї иштирок намуда, ба бештар аз 17 саволи худ оид ба вазъи таълиму тар- бияи донишљўён, фаъолияти илмию инноватсионї, ра- вобити хориљии до- нишгоњ, пешрафти хољагї, сохтмон ва азнавсозї, истифо- даи самаранок аз хољагии ёрирасони донишгоњ, фаъолия- ти самараноки Пар- ки технологї, кўмак ба донишљўён, му- њлати пардохти шартномаи тањсил аз тарафи дониш- љўён, дастгирии нафаќахўрон ва ус- тодон, муборизаи раёсати донишгоњ алайњи амалњои коррупсионї, роњ- њои муборизаи зидди љинояткорї ва ба њизбу њаракатњои мамнуъ шомилша- вии љавонон, баланд бардош- тани музди маош аз њисоби маблаѓњои шартномавї, таъ- миноти донишљўён бо хобгоњ, рафти зимистонгузаронї дар донишгоњ, махсусиятњои тањсили калонсолон ва касбомўзии онњо, магистратура, докторантура, омода намудани мутахассисо- ни дараља ва унвони илмидор ва монанди инњо намояндагони нашрияњои «Садои мардум», «Љумњурият», «Азия +», «Бањори Аљам», «Тољикистон», «Фараж», «Пайк», радиоњои «Озодї», «Тољикистон», «Хатлон», ТВ «Хатлон», маљаллањои «Мењр- овар», «Сафо», «Бонувони Тољикистон» ва монанди инњо љавобњои ќаноатбахш гириф- танд. Нишаст дар рўњияи баланди њусни тафоњум, пуштибонї аз сиёсати сулњпарварони Асос- гузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазора- ти маориф ва илми ЉТ баргузор гардид. САФИР – «Фурўѓ» Таълиму тарбия масъулияти бештарро талаб менамояд 23 январи соли равон Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон аз байни рамзњои пешнињоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон рамзи «30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон»-ро тасдиќ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандї шуда, давродаври он бо забонњои тољикї ва англисї «Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ва раќамњои «1991-2021» бо рангњои зарњалї навишта шудааст. Дар ќисми марказї раќами 30 бо њошияи зарњалї бо исти- фода аз рангњои Парчами миллї ва дар ќисми болои раќам яке аз рамзњои давлатдории тољикон – тољ дар заминаи кўњњои пур- барф љой дода шудааст. Ќисми поёнии раќам њадафњои стратегии Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роњи сеќабата, агре- гати НБО, обпарто ва наќб – ифодагари дастовардњои назарра- си кишвар мебошанд. Дар ќисми мобайнї дарахтони сарсабз, дашту пуштањо ва боѓњо нишонае аз рушди дењот буда, баёнгари табиати бињиштосои кишвар мањсуб меёбад. Тољ, раќами 30, осмони соф ва кўњњо аз фазои сулњу суботи Тољикистони соњибистиќлол да- рак медињанд. Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ах- бори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиќлолияти дав- латии Тољикистон» васеъ истифода баранд. Рамзи 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Upload: khangminh22

Post on 16-Jan-2023

2 views

Category:

Documents


0 download

TRANSCRIPT

6 феврали соли 2020. № 3 (410)Нашрияи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

ФурўгДониш андар кони љонат гавњар аст!

Носири Хусрав

АЗ НИШАСТИ МАТБУОТЇ

ДАР ИН ШУМОРА:Баррасии масъалањои мубрам

Амале, ки боиси нигаронї шудааст

Таљрибаомўзї масъулият аст

Саразм – ёдгории беназир

Як факултет дар масири рушд

Китоб - дунёи рангини ормонњо

Номи мувофиќ бозгўкунандаи њусни инсон аст

Сањ. 2

Сањ. 3

Сањ. 4

Сањ. 6

Сањ. 7

Сањ. 8

Сањ. 5

С У Х А Н И Р Ў ЗБарои нобуд сохтани њар гуна миллат силоњи ќатли ом лозим нест. Танњо

коста намудани сифати тањсилот ва бо муњассилин иљозат додани фиребу найранг дар имтињонњо басанда аст. Он гоњ беморон аз дасти чунин табибон мемиранд, биноњо аз дасти чунин муњандисон фурў мерезанд, маблаѓњо аз дасти чунин иќтисоддонону муњосибон ба боди фано мераванд, адолат аз дасти чунин њуќуќшиносону додрасон аз миён бардошта мешавад. Хулоса, костагии тањсилот - ин заволи миллат аст.

Иќтибос аз катибае, ки дар даромадгоњи яке аз донишгоњњои муътабар овехта шудааст.

Дар толори бинои асосии Донишгоњи давлатии Бох-тар ба номи Носири Хусрав рўзи 31.01.2020 бо ишти-роки намояндагони ВАО-и вилоят ва љумњурї нишасти матбуотї доир гардид. Дар он ректори донишгоњ Дав-латзода Сайфиддин Хайрид-дин, муовинон ва мушовири он, сардорони раёсатњо, му-дирони шуъбањо, деканњои факултањо, иттифоќи касаба, роњбарони гимназия ва коллељи омўзгории назди донишгоњ иштирок до-штанд.

Мавриди зикр аст, ки ниша-сти матбуотии мазкур мутобиќ ба Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, дар асо-си мактуби Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20.12.2017, №26/10-221 ва 1729 , тасдиќи вазири маориф ва илми

Љумњурии Тољикистон аз 23.01. 2020 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотї беш аз 30 нафар намояндагони расонањои хабарии вилоят ва љумњурї тањти роњбарии сарму-тахассиси шуъбаи иттилооти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Носирљон Маъмурзода њузур до-штанд.

Нишасти матбуотиро рек-тори донишгоњ, профессор Дав-латзода С.Х. њусни оѓоз бахши-да, оид ба дастовардњои устодон дар бахши таълим, тарбия, илм ва иќтисоду сохтмон суханронї намуд. Мавсуф аз љумла афзуд, ки Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар давоми мављудияташ теъдоди зиёди мутахассисони риштањои мухталифро тарбият намуда, ба иќтисоди миллии кишвар пешнињод намудааст. Имрўзњо хатмкардагони донишгоњро дар тамоми риштањои иќтисоди мил-лии кишвар дидан мумкин аст, ки ањлона ба хотири тањаќќуќи ормонњои миллї фаъолият на-муда истодаанд.

Дар нишасти матбуотї на-мояндагони 23 расонањои ха-барии вилоятиву љумњуриявї

иштирок намуда, ба бештар аз 17 саволи худ оид ба вазъи таълиму тар-бияи донишљўён, фаъолияти илмию инноватсионї, ра-вобити хориљии до-нишгоњ, пешрафти хољагї, сохтмон ва азнавсозї, истифо-даи самаранок аз хољагии ёрирасони донишгоњ, фаъолия-ти самараноки Пар-ки технологї, кўмак ба донишљўён, му-њлати пардохти шартномаи тањсил аз тарафи дониш-љўён, дастгирии нафаќахўрон ва ус-тодон, муборизаи раёсати донишгоњ алайњи амалњои коррупсионї, роњ-њои муборизаи

зид ди љинояткорї ва ба њизбу њаракатњои мамнуъ шомилша-вии љавонон, баланд бардош-тани музди маош аз њисоби маблаѓњои шартномавї, таъ-миноти донишљўён бо хобгоњ, рафти зимистонгузаронї дар донишгоњ, махсусиятњои тањсили калонсолон ва касбомўзии онњо, магистратура, докторантура, омода намудани мутахассисо-ни дараља ва унвони илмидор ва монанди инњо намояндагони нашрияњои «Садои мардум», «Љумњурият», «Азия +», «Бањори Аљам», «Тољикистон», «Фараж», «Пайк», радиоњои «Озодї», «Тољикистон», «Хатлон», ТВ «Хатлон», маљаллањои «Мењр-овар», «Сафо», «Бонувони Тољикистон» ва монанди инњо љавобњои ќаноатбахш гириф-танд.

Нишаст дар рўњияи баланди њусни тафоњум, пуштибонї аз сиёсати сулњпарварони Асос-гузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазора-ти маориф ва илми ЉТ баргузор гардид.

САФИР – «Фурўѓ»

Таълиму тарбия масъулияти бештарро талаб менамояд

23 январи соли равон Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон аз байни рамзњои пешнињоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон рамзи «30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон»-ро тасдиќ намуданд.Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандї шуда,

давродаври он бо забонњои тољикї ва англисї «Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ва раќамњои «1991-2021» бо рангњои зарњалї навишта шудааст.

Дар ќисми марказї раќами 30 бо њошияи зарњалї бо исти-фода аз рангњои Парчами миллї ва дар ќисми болои раќам яке аз рамзњои давлатдории тољикон – тољ дар заминаи кўњњои пур-барф љой дода шудааст.

Ќисми поёнии раќам њадафњои стратегии Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роњи сеќабата, агре-гати НБО, обпарто ва наќб – ифодагари дастовардњои назарра-си кишвар мебошанд.

Дар ќисми мобайнї дарахтони сарсабз, дашту пуштањо ва боѓњо нишонае аз рушди дењот буда, баёнгари табиати бињиштосои кишвар мањсуб меёбад. Тољ, раќами 30, осмони соф ва кўњњо аз фазои сулњу суботи Тољикистони соњибистиќлол да-рак медињанд.

Вазорату идорањо, ташкилоту муассисањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњо, воситањои ах-бори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиќлолияти дав-латии Тољикистон» васеъ истифода баранд.

Рамзи30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Сањ. 2 6 феврали соли 2020. № 3 (410)

Шоми 31-уми январ дар муассисаи давлатии театри вилоятии мусиќї-

мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар аз рўи афсонањои халќии Итолиёвї намоишномаи «Нури сењрангези фонусњо» ба сањна гузошта шуд. Коргардон – тањиягарони намоишнома Султонзода Эраљ ва Ќурбонзода Бањром кушиш намудаанд, ки дар ин намоишнома ѓалабаи ќувваи некї бар бадиро нишон дода, ба ин васила мардум-ро ба некию нкукорї даъватнамоянд. Дар тамошои намоишнома њайати устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав иштироки фаъол до-штанд.

Мутобиќ ба иттилои раёсати илм ва инноватсия дар моњи январи соли

2020, 11 нафар устодони донишгоњ барои њимояи рисолањои илмии худ ба шўроњои диссертатсионї роњ ёфтанд. То имрўз аз ин теъдод аллакай 5 нафари устодон рисолањои илмии худро бо муваффаќият дифоъ наму-данд.

Робитањои илмии донишгоњ бо муассисањои олии хоириљї љињати

хубтар ба роњ мондани донишњои муосир миёни омўзгорони љавон густариш меёбад. Бо ин маќсад омўзгори љавони факултети забонњои хориљї Фарида Бурибаева барои омўзиш ба давлати Њиндустон фиристода шуд.

Маркази тестии донишгоњ иттилоъ медињад, ки дар сессияи фаъоли

зимистона аз 10191 нафар донишљўёни ба сессия иљозатдошта, 1194 нафар ќарздор монданд, ки аз инњо 222 нафарашон ба имтињонњо њозир нашуданд.

Бахшњои баќайдгирї дар мувофиќа бо марказњои имтињонї љадвали раван-

ди имтињонњои триместрро омода карда, аз љониби ќисми таълим ба тасвиб расонид. Тибќи љадвали тасдиќгардида имтињонњои триместр аз 10.02.2020 оѓоз меёбанд.

Санаи 4 феврали соли равон дар фа-култети таърих ва њуќуќ конферен-

сияи ифтитоњии таљрибаомўзони курсњои чоруми ихтисоси таърих-фарњангшиносї, таърих ва њуќуќ иборат 101 нафар доир гар-дид. Дар кори конфронс Ќ.С. Абдурањимзода ноиби ректор оид ба таълим, А.Холматов роњбари таљрибаомўзии омўзгории донишгоњ, С.Ќаландаров роњбари таљрибаомўзї дар факултет, А. Саидмуминов декани факулта ва роњбарони ихтисосї иштирок доштанд. Донишљўён ба муассисањои тањсилоти ми-ёнаи умумии раќами 10, 11, 6, 3, 9 шањри Бохтар ва гимназияи “Аминљон” –и шањр са-фарбар гардиданд.

Масъули гўша: Озодаи РАУФЇ

Р е з а а х б о р

Пеша омўз, эй писар ки туро,Пеша бошад амон аз дарвешї. Авфї

Санаи 30 январи соли равон дар толори би-нои асосии донишгоњ бо сарварони бону-вони факултетњо мулоќот доир гардид.

Дар мулоќот ректо-ри Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор С.Х. Давлатзода, ноиби ректор оид ба тарбия Х.Раљабов, раиси бонувон Нурали-зода Наргис иштирок до-штанд. Дар вохурї оид ба масъалањои муњими рўз, аз љумла то андозае риоя нагардидани низомномаи муассисањои тањсилоти олї оид ба сару либоси намунавї, пўшидани сатр аз љониби донишљўён, сари ваќт ба кор њозир нагарди-дани бархе аз кормандони донишгоњ изњори нигаронї карда шуд.

Дар ибтидо, ректори донишгоњ профессор С.Х. Давлатзода оиди рафти фаъолияти бонизоми кор-мандони донишгоњ, сари ваќт ба кор њозир гарди-дан ва риояи низомномаи сару либоси намунавї барои муассисањои олии касбии љумњурї суханронї намуд. Аз љумла таъкид гардид, ки имрўз дар кори таълиму тарбия занон ва бонувон сањми муносиб мегузоранд. Бонувон дар раванди тањкими давлат-дории миллї, рисолати

нигањдорандаи фарњанг, забон, урфу одат, тарби-яи фарзандро адо наму-да, дар баланд бардош-тани пояи ахлоќии љомеа сањмгузор мебошанд. Аз ин рў, амалї намудани як ќатор њадафу вазифањо љињати бењбудї бахши-дан ба сатњи фаъолияти

бонувон дар донишгоњ мусоидат хоњанд на-муд. Гуфта шуд, ки зан пеш аз њама модар, тар-биятгар, рамзи покиву муњаббат, садоќатмандї ва нигањдорандаи иффа-ту покдоманї мебошад. Њамчунин даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти таълиму тарбияи дуру-сти насли љавони кишвар ва риояи низомномаи донишгоњ набояд бета-раф буд. Дар ин љода кул-ли омўзгоронро мебояд,

аз пештара дида бештар кўшиш ба харљ дињанд ва дар тайёр намудани кадрњои арзанда сањми бо-сазо гузоранд.

Дар идома, Нурализо-да Наргис-раиси бонувони донишгоњ доир ба фаъоли-яти пурсамари омўзгорону донишљўдухтарон маълу-

мот дод. Мавсуф иброз намуд, ки бо маќсади бар-расии наќши занон дар рушду такомули илм, муар-рифии њаёт ва фаъолияти олимањои шинохтаи тољик, дастоварду комёбињои за-нон дар љодаи пажўњиши илмї, мушкилоти дар ин самт љойдошта ва дарёфти роњњои њалли он бо ибти-кори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бах-шида ба Рўзи занону дух-тарон конференсияи илмї-

амалї дар мавзўи «Сањми занон дар рушди илм» бар-гузор мегардад. Ба конфе-ренсияи мазкур то имрўз ќисмати зиёди омўзгорону донишљўёни Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фишур-даи маърўзањои хешро пешнињод намуданд. Ин-чунин, бонувони донишгоњ љињати дар сатњи баланд гузаронидани мањфили «Рўзѓордорї», ки бахши-да ба эълон гардидани солњои 2019-2021 «Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї» ба роњ монда шудааст, омо-дагии љиддї дида исто-даанд. Њадаф аз баргу-зории мањфили мазкур баланд бардоштани маъ-рифати оиладорї, омо-дасозии љавондухтарон ба њаёти мустаќил, ба-ланд бардоштани дони-шу малакаи касбомўзї, њидояти љавондухтарон ба рўзѓордорї ва ба хотири арљгузорї ба расму оини миллї, мероси ниёгон ва анъанањои миллии марду-ми тољик мебошад, -таъ-кид намуд, Нурализода Наргис.

Њамин тариќ, мулоќот бо ибрози роњњои њалли мушкилот дар масоили мављудбуда ва бартараф-созии норасоию камбудињо дар самти таълиму тарбия анљом ёфт.

Шањноза АСОЕВА – «Фурўѓ»

Баррасии масъалањои мубрам

Нахустљаласаи Шўрои оли-мони донишгоњ дар нимсолаи дуюми соли тањсили 2020 дар толори факултети сиёсат ва идораи давлатї бо садо додани Суруди миллї оѓоз гардид. Љаласа тањти раёсати рек-тори тозатаъсиси Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор С.Х. Давлатзода баргузор шуд. Дар он ноибони ректор, сардори раёсати тањсилот, деканони факултањо, сардорони шуъбаву идорањо иштирок доштанд.

Дар љаласа масъалањои вазъи феълии корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методї дар факултети ма-тематика ва информатика, њолати иљроиши амалии наќшаи кории (ин-фиродии) омўзгорони кафедрањои донишгоњ, њолати корњои таълиму тарбия ва илмї-тањќиќотї дар шуъ-баи омодакунии кадрњои илмї ва илмї педагогї дар соли 2019 ва тасдиќи наќшаи фаъолияти он ба-рои соли 2020 мавриди муњокима ва баррасї ќарор дода шуд.

Аз рўи масъалаи аввали љаласа оид ба вазъи феълии корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методї дар фа-култети математика ва информатика раиси комиссия, дотсент Парвиз Яти-мов гузориш дод. Бино ба иттилои ў дар факултети математика–инфор-матика 7 нафар докторони илм про-фессор, 14 нафар номзадњои илм ва дотсентон, 5 нафар саромўзгор ва 41 нафар омўзгорону ассистентон кору фаъолият менамоянд. Теъдоди устодони дараљаи илмидошта дар

факултет 33,8% -ро ташкил мекунад.Дар факултети математика-ин-

форматика ба корњои илмї диќќати аввалиндараља дода шуда, њолати корњои илмї-тањќиќоти ва илмї-методї доимо дар љаласањои де-канат ва шўрои олимони факултет муњокима ва баррасї карда меша-ванд.

Мутаассифона, омўзгороне низ дар кафедрањои ин факулта кору фа-ъолият доранд, ки ба корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методї на чандон диќќати љиддї медињанд ва дар соли њисоботї то њол ягон маќола ё да-стур нанавиштаанд. Дар ќисмати ма-

тематика корњои илмї хубтар ба роњ монда шуда бошад, њам вале дар ќисмати информатика омўзгорони зиёде кору фаъолият доранд, ки то њол мавзўъ ва самти корњои илмиа-шонро муайян накардаанд.

Њайати комиссия барои бар-тараф намудани норасоињои дар ин самт ошкоршуда ба мудирони кафедрањо супориш дод:

-љињати љалби бештари омўзгорони љавон ба корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методї дар кафедрањо тадбирњо андешанд;

-робитањои илмиро бо марказњои илмї-методї, илмї-тањќиќотии љумњурї ва хориљї боз њам бештар ба роњ монда, иштироки фаъолонаи омўзгоронро дар конференсияњои љумњуриявї ва байналмилалї таъ-мин намоянд;

-омўзгоронеро, ки то њол самт ва мавзўи илмии худро муайян накар-даанд, ба корњои тањќиќотї љалб на-муда, онњоро ба коромўзї, аспиран-тура, доктор PhD ва дигар шаклњои

рушди касбї фиристонанд;-муњокимаи сифати иљрои

корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методиро дар љаласаи кафедрањо љиддї ба роњ монда, пешравї ва камбудињоро ошкор ва ќарорњои воќеии иљрошаванда ќабул карда, иљрои онро назорат баранд.

Вобаста ба масъалаи дигари баррасишавандаи љаласа- њолати иљроиши наќшаи кории (инфиродии) омўзгорони кафедрањои донишгоњ раиси комиссия Наимзода Насим гузориш дод. Мавсуф иброз намуд, ки наќшаи кории омўзгор њамчун њуљљати расмї тарзи ташкили кор

ва њисоботсупории омўзгорро дар соли тањсил муайян мекунад. Он дар љаласаи кафедра тасдиќ карда шуда, аз љониби омўзгор, мудири кафедра, декани факултет, сардори раёсати таълим ва муовинони рек-тор оид ба корњои таълимї, илмї ва тарбиявї ба имзо мерасад.

Санљиш дар кафедрањои донишгоњ нишон дод, ки мутаасси-фона, дар самти ба наќшадарории корњои таълимї, тарбиявї, илмї-методї ва иљрои онњо дар наќшањои инфиродии ќисме аз омўзгорони кафедрањои донишгоњ як ќатор њолатњои нигаронкунанда мушоњида мешаванд.

Вобаста ба ин, деканњои факултетњо ва мудирони кафедрањои донишгоњ вазифадор карда шуданд:

-наќшаи кории (инфиродии) усто-донро барои соли тањсили 2019-2020 таљдиди назар намуда, камбудињои љойдоштаро дар кўтоњтарин муњлат бартараф намоянд;

(Давомаш дар сањ. 3)

Мењнати содиќона -омили муваффаќиятњо

Сањ. 36 феврали соли 2020. № 3 (410) Синае дорї агар дархўрди тир,Дар љањон шоњин бизї, шоњин бимир. Иќбол

Вазъи ноороми баъзе аз кишварњои љањон, зиёд шу-дани амалњои террористи-ву экстремистї, хариду фурўши одамон, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ва муќовимат бо коррупсия моро водор ме-созад, ки њамеша њушёриву зиракии сиёсиро аз даст надињем, оромиву суботи љомеро таъмин намоем ва барои расидан ба њадафњои Стратегии кишварамон мусоидат кунем.

Ташкил ва фаъолия-ти гурўњњои террористиву экстремистї љомеаи љањонї, хоса Њукумати Љумњурии Тољикистон ва тамоми маќомоту сохторњои кишварро нигарон на-муда, барои мубориза бар зид-ди ин падидаи зиёновар роњу усулњои нав ба навро пайдо кар-да, амалї намуда истодаанд.

Бо маќсади баланд бар-доштани огоњии мардум, хоса омўзгорону кормандони Му-

ассисаи давлатии таълимии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ин зуњуроти нангин, дар асо-си наќша-чорабинињо вохўрии намояндагони њифзи њуќуќ, аз љумла кормандони Куми-таи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар ви-лояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вило-яти Хатлон, Прокуратураи ви-

лояти Хатлон гузаронида шуд. Дар ин љамъомад кормандони њифзи њуќуќ зикр намуданд, ки солњои охир љомеаро шомил-шавии баъзе аз зиёиёни кишвар ба гурўњњои иртиљої, аз љумла гурўњи «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), со-дир намудани ќонуншиканињои љиноятиву маъмурї ва ахлоќиву интизомї нигарон намудааст. То имрўз коршиносони соња дар барномањои телевизиониву радиої, китобу маќолањои худ

яке аз сабабу омилњои пайваста-ни сокинонро аз камтаљрибагиву камсаводї нисбат медоданд. Њодисањои ваќтњои охир нишон дод, ки њатто зиёиён ќурбонии намояндагони гурўњњои терро-ристиву экстремистї гардида истодаанд, ки ин њолат масъу-линро боз њам бештар ба таш-виш овардааст.

Дар робита ба ин, њар фар-ди ватандўсту худогоњ ва масъ-улиятноки кишварро лозим ме-ояд, ки дар сурати мушоњида намудани рафтору кирдори на-фари дорои чунин хислат њарчи зудтар ба намояндагони њифзи њуќуќ иттилоъ бидињанд. Мутас-сифона, солњои охир бархе аз шањрвандони кишвар бетара-фиро ихтиёр намуда, аз фаъо-лияти ѓайриќонунии чунин шах-сон пешгирї намекунанд.

Њамчунин дар њамоиш зикр шуд, ки падидаи дигари манфии ба рушди љомеа зиёновар, содир шудани амалњои коррупсионї аз тарафи шахсони њуќуќиву воќеї мебошад. Имрўзњо дар зењни бархе аз сокинон андешае љойгузин шудааст, ки гўё тамо-ми муносибату корњои худро

ба воситаи маблаѓ бартараф менамуда бошанд ва ин њолат боиси зиёд шудани амалњои коррупсионї мегардад. Мутаас-сифона, бархе аз шањрвандон ба шиддат гирифтани амалњои коррупсионї мусоидат меку-нанд ва боиси ба вуљуд оварда-ни дигар мушкилињо мешаванд. Масъулини соња изњор доштанд, ки бояд омўзгорону кормандо-ни ДДБ ба номи Носири Хусрав нагузоранд, ки дар фаъолият ва муносибатњои корї даст ба амалњои коррупсионї зананд. Њарчанд пайваста аз тарафи кормандони Раёсати Агентии на-зорати давлатии молиявї ва му-бориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон дар ин самт суњбату вохўрињо гу-заронида шаванд њам, баъзан со-диршавии амалњои коррупсионї ба назар мерасанд.

Аз баромад ва баррасии масъалањои зикршуда мета-вон хулоса намуд, ки дарвоќеъ имрўз аз њар фарди кишвар таќозо мешавад, ки дар пешги-рии њама гуна ќонуншиканињо сањмгузор бошад.

Сангимурод ШАРИФОВ –омўзгори факултети

филологияи тољик

Амале, ки боиси нигаронї шудааст

Замини таљрибавие, ки Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ихтиёр дорад, метавонад барои гузаронидани таљрибаомўзии таълимї-истењсолї ва барои дар оянда амалї наму-дани таљрибањои олимон, магистрантон, аспирантон ва унвонљўёни муассиса имкониятњои фаровонро фароњам биёварад. Мутаассифона, тайи солњои гузашта ин замини таљрибавї дар масофаи 5 гектар, ки дар минтаќаи Заѓертии ноњияи Сарбанд љойгир аст, ба таври зарурї мавриди бањрабардорї ќарор нагирифтааст.

Ба тартиб даровар-дан ва бунёди ин за-мини таљрибавї имкон фароњам меорад, ки дарсњои амалї ба тав-ри васеъ гузаронида шуда, донишомўзони ихтисоси биология-экология донишњои назарии азбарнамудаи худро дар амал татбиќ намоянд.

Љињати эњё ва аз нав мавриди ис-тифодаи самаранок ќарор додани ин за-мини таљрибавї, кор-

карди байни ќаторњо, ба шаклдарории дарахтон, бунёди гармхона барои ба роњ мондани лимўпарварї, тарзи мубориза бо касалињо ва зараррасонњо, роњњои парваришу гирифтани дарахтони ороишї ва кўчатњои сабзавотї санаи якуми феврали соли равон дар ин минтаќа семинари назариявї-амалї бо иштироки омўзгорони факултаи химия -биология ва дигар масъулини донишгоњ гузаронида шуд.

Дар кори семинар мутахассиси соња, доктори илмњои биологї, профессор, узви вобастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Сайдалї Гулов иштирок намуда, барои бењтар гардидани фаъоли-яти замини таљрибавї ба иштирокдорон маслињатњои судманд дод. Аз љумла таъкид гардид, ки замини таљрибавї бояд самаранок исти-фода бурда шавад ва барои ба маќсади мувофиќ мавриди истифода ќарор додани ин ќитъаи замин ба роњ мондани як ќатор амалњо муњим буда, пайваста мењнат намудан зарур аст. Инчунин коркарди байни ќаторњо, буриши шохањои зиёдатї, коркард зидди зараррасонњо бо зањрхимикати ДНОК, кандани дарахтони хушкшуда ва иваз кардани онњо, тоза кардани бех љастњои анор ва дигар дарахтони мевадињанда, бунёди гармхонаи лимўпарварї бо теъдоди 150 бех нињоли лимў, ре-шакан кардани дарахтони пиршуда дар њаљми 0,5 гектар барои бунёди боѓи нави бодом ва гелос дар муњлати кутоњтарин аз манфиат холї нест. Айни замон донишгоњ чунин имкониятњоро дорад, ки замини таљрибавї аз нав коркард ва эњё карда шавад.

Ш. АСОЕВА – «Фурўѓ»

(Аввалаш дар сањ. 2)

-дар љаласањои деканат ба масъалаи њолати иљроиши наќшаи кории (инфиродии) устодони кафедрањо таваљљуњи махсус зоњир намоянд;

-дар наќшањои кории (инфи-родии) омўзгорони кафедрањо камбудї ва нуќсонњои љойдоштаро ба талаботи имрўза мувофиќ гардонанд;

-њолати иљрои њадафњои дар пешгузоштаи омўзгоронро, ки дар наќшаи кории (инфиродї) сабт шудаанд, пеш аз тасдиќ мавриди омўзиш ќарор дињанд.

Доир ба масъалаи сеюми љаласа мудири шуъбаи омода-кунии кадрњои илмї ва илмї-педагогї Холмуродзода М.Х. гузориш дод. Аз љумла ќайд гардид, ки имсол аз фаъолия-ти шуъбаи омодакунии кадрњои илмї ва илмї-педагогии донишгоњ 18 сол сипарї ме-гардад. Тайи солњои охир фа-ъолияти шуъбаи омодакунии кадрњои илмї ва илмї-педагогї густариш ёфта, сол то сол си-фати корњои илмї-тањќиќотии аспирантон, докторантон ва унвонљўён хуб шуда истода-

аст. Шумораи умумии аспиран-тон дар соли љорї 14 нафарро ташкил медињад, ки аз инњо 4 нафарашон бонувон буда, 3 на-фарашон дар шуъбаи рўзона, 11 нафарашон дар шуъбаи ѓоибона тањсил намуда истода-анд. Аз соли хониши 2018-2019 ќабул ба аспирантура аз тара-фи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ќатъ гар-дид ва алњол дар шуъбаи аспи-

рантура танњо курсњои сеюм ва чорум (шуъбаи ѓоибона) фаъо-лият доранд.

Дар баробари муваф-фаќиятњо дар фаъолияти шуъ-баи омодакунии кадрњои илмї ва илмї-педагогї як ќатор кам-будиву норасоињо мављуданд. Бояд ќайд кард, ки агар дар бай-ни шуъбаи омодакунии кадрњои илмї ва илмї-педагогї ва њамаи кафедрањои донишгоњ алоќаи зичи корї барќарор бошад, сариваќт мудирони кафедрањо барои љалб шудани магистро-

ни љавон ба докторантура PhD тарѓиб ва дархост пешнињод намоянд, аз манфияти холї нахоњад буд. Дар робита ба ин, ба мудири шуъбаи омодакунии кадрњои илмї ва илмї-педагогї бањри ба сомон даровардани фаъолияти минбаъда дастуру супоришњои судманд дода шуд.

Њамин тариќ, дар кори љаласа масъалањои муњими марбут ба таълим ва илм

муњокима гардида, ќарорњои дахлдор ќабул карда шуданд. Назорат аз болои рафти иљрои ќарорњои ќабулшуда ба зиммаи ноибони ректор оид ба таълим, профессор Абдурањимзода Ќ.С., оид ба илм ва инноватсия, дотсент Собиров Љ.Ф. ва оид ба тарбия, дотсент Х. Раљабзода вогузор карда шуд. Љаласаи Шўрои олимони донишгоњ бо баррасии масоили љорї ба кори худ анљом бахшид.

Шањноза АСОЕВА – «Фурўѓ»

МАСЛИЊАТИ МУТАХАССИС

АМНИЯТИ МИЛЛЇ

Замини таљрибавї ваимконияти истифодаи он

Мењнати содиќона -омили муваффаќиятњо

Ифротгарої амалест, ки њоло љомеаи љањониро пешоруйи хатар ќарор додааст ва бархе давлатњо дар ќиболи ин раванд нота-вон монда, иддаи дигар тадбир мељўянд.

Ифротгарої, пеш аз њама теша ба решаи дарахти сабзи субботу амният ва сулњу вањдат мезанад. Садњо кўдаконро дучори хушунату бепарасторї, гурўснагию дарбадарї гардонидаю садњо модарро доѓи фарзанд дар дил монда, киш-вару миллатњоро ба вартаи ноамнї кашидааст.

Бояд зикр намуд, ки ифротгарої бо бунёдгарої ва радикализм (тундгарої) њукми «бародарї» до-шта, ин њар се дар якљоягї маљмўаи мушкилоти иљтимої, сиёсї, фарњангї ва умуман, моддию маънавиро дар њудуди иљтимої ба вуљуд меоранд ва саранљом боиси љангу низоъњои бардавоми бемаънї, ќатлу куштор, дањшати мардумон ме-гарданд. Мусаллам аст, ки љанг, хунрезї ва ќатлу ѓорат аз љумлаи палидтарин падида дар радифи зилзила, сел, вабо, ќањтї ва тирагї мањсуб шу-дааст. Њама гуна аќоиди бебунёд, ки дар назари

пайравонаш таассубан аслу решаї мањсуб меша-вад, ногузир ба љангу хунрезї мепайвандад.

Решаю аломатњои пайдошавии ифротгарої ва ба истилоњ экстремизми динї-мазњабї, ќабл аз њама, дар сустназмию ќафомондагии саро-сари иљтимої зоњир мегардад. Агар миллати мо њар ќадар ба пастравї руљуъ кунад, агар мардуми тољик худшиносии миллї надошта бошад, њамон ќадар хатари њама гуна ифротгарої онро тањдид мекунад. Аз назари коршиносї, авомзадагї як бе-мории риќќатбор ва андешакуши иљтимої аст. Са-раввал, бояд бемориро аз дарун љўем, чунки руйи кор омадани ифротгаройиву бунёдгаройи миллї, беш аз пеш, авомили дарунианд ва онњо зиёдтар рўйи хурофоту таассуб ќарор доранд.

Афсўс аз он мехурем, ки имрўзњо шахсоне њастанд, ки барои ба маќсадњои ѓаразноки худ расидан Исломро њамчун ниќоб истифода меба-ранд. Исломе, ки дар он зуроварї, ифротгарої, таљовуз, одамкушї ва дуздї мањкум шудааст.

З. АСРОРОВ -омўзгори факултаи иќтисодї

Ифротгарої ва амалњои хатарзои он

Сањ. 4 6 феврали соли 2020. № 3 (410)

РИСОЛАТ

ПАЙРОЊАИ КАСБ

Сар зи модар макаш, ки тољи шариф,Гарде аз роњи модарон бошад. А. Љомї

Имрўзњо дар тамоми муассисањои тањсилоти олии касбї ва миёнаи умумии кишвар риояи дастурамали намунавии сару либос барои омўзгорону донишљўён ва хонандагон такрор ба такрор ёдовар карда меша-ванд, зеро дар аксари маврид бо вуљуди дар роњравњои тамоми муассисањо насб гардидани ин да-стурамал ва рўи даст будани ни-зомнома боз донишљўёнеро рў ба рў мегардем, ки ба бегонапарастї, тарѓибу ташвиќи фарњанги бегона машѓуланд. Мо набояд фаромўш созем, ки либоси миллї яке аз љузъњои фарњанги миллии мост. Пас чаро фарњанги худро фаромўш сохта, фарњанги ѓайрро тарѓиб менамоем?

Дар Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ масъу-лин пайваста бо донишљўдухтарони њамаи факултетњо вохўрињо доир на-муда, оиди риояи низомномаи сару либоси намунавї суњбат мекунанд, такрор ба такрор ба духтарон ёдрас мешаванд, ки пос доштани фарњанги миллї, ин пеш аз њама рў наовардан ба фарњанги бегона аст.

Алббата, бе дастгирии љамъиятии љавонон љањони муосир, пойдор мон-дани љомеаи демократї, дунявї ва ягона дастовардњои инсоният дар соњањои мухталиф ѓайриимкон аст. Мо љавононро мебояд дасти њам ги-рифта, дар ободонию шукуфоии ва-

тани худ аз пештар бештар талош варзем.

Инчунин, дар амалишавии сиё-сати дурандешонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар њама самтњои хољагї мо, љавонон мета-вонем сањим бошем. Имрўз Пешвои муаззами миллат нисбати љавонони кишвар таваљљуњ ва эътимоди зиёд доранд. Љавобан ба ѓамхорињои Сар-вари давлат ва Њукумати мамлакат мо ваъда медињем, ки илму дони-ши худро мукаммал намуда, бањри пешрафту рушди арзишњои моддию маънавї, инчунин боз њам мустањкам сохтани пояи истиќлолияти киш-варамон, нигањдории фарњанги бойю ѓании тољикон ва вањдати њамешагии он сањми арзандаи хеш-ро мегузорем. Албатта дар саросари Љумњурии Тољикистон љавонони фа-ъол вобаста ба имконоти мављуда њадафњои таќдирсоз, тањкими амния-ту оромии мамлакатро пеш гирифта, Тољикистони азизро дар баробари дигар мамлакатњои пештафтаи дунё

љойгузин менамоянд. Ин аст, ки пайваста та-вассути васоити ахбор мебинем, ки ќисмати зиёди љавонон пайи омўзиши илму до-ниш буда, њар лањзаву њар соат кўшиш ба харљ медињанд, ки бо ѓолибияти худ дар арсаи байналмилалї боиси парафшонии Парчам, садо додани Суруди миллї ва му-аррифии фарњанги мо

бошанд.Дар ин радиф, Њукумати мам-

лакат бањри илмомўзии мо, љавонон шароитњои бењтарро фароњам овар-да истодаанд. Мо талош мевар-зем, ки нерубахши ояндаи миллати худ бошем. Ватани мањбуби худро ба љањониён чун миллати таъриху фарњанги ѓанидошта ва ташаббускор муаррифї намоем. Нагузорем, ки мафкураи насли наврасу љавони киш-варро бо дурўѓу дасисањо ба доми худ андозанд ва фарњанги ѓайрро дар кишвари мо пањн кунанд.

Дар ин самт, мо бонувони тољик бояд масъулият эњсос намоем. Фарњанги либоспўшии хешро риоя кунем ва дарк созем, ки бо чакану атлас бо тоќии гулдўзї ва бо шарму њайёи тољиконаи хеш њамчун бонуи муваффаќ барои фарзандон, модари ѓамхор ва зани мењрубон барои оилаи худ бошем, то зиндагии ободу осуда ва оилаи хушбахт насибамон гардад.

Шукрона ЌУРБОНОВА –донишљўйи бахши чоруми

факултаи филология

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Прези-денти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон нисбати омода намудани му-тахассисони варзида барои тамоми соњањои хољагии халќ таъкид гардида, ба Вазорати ма-ориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва дигар вазорату кумитањо супориш дода шуд, ки дар њамбастагї фаъолиятро боз њам дар ин самт бењтар намоянд.

Таљрибаомўзїмасъулият аст

Яке аз василањои бењтар намудани омодасо-зии мутахассисон ин дуруст ташкил ва ба роњ мон-дани фаъолияти таљрибаомўзии донишљўён мебо-шад. Барои татбиќи дастуру супоришњои бевоситаи роњбарияти давлат дар Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пайваста тадбирњо андеши-да мешаванд.

Њамасола дар асоси наќша-чорабинињои факул-тети филологияи тољик донишљўён барои тањкими донишњои назарии худ ба таљрибаомўзии таълимї, шевашиносиву фолклорї ва истењсолї сафарбар мешаванд. Тибќи наќшаи таълимї донишљўёни их-тисоси забон ва адабиёти тољик, забон ва адабиёти ўзбек, филологияи Шарќ, фолклор, рўзноманигор, журналист-тарљумон ба таљрибаомўзї љалб гардида, донишњои андухтаи худро дар амал татбиќ менамо-янд. Роњбарони таљрибаомўзї бањри дуруст сурат гирифтани фаъолияти донишљўён пайваста кўмак намуда, машварати худро дареѓ намедоранд. Дар раванди таљрибаомўзї донишљў имконият пайдо мекунад, ки донишњои назариявї ва амалиро бори дигар њамоњанг намояд.

Донишљўёни ихтисоси забон ва адабиёти тољик, ихтисоси забон ва адабиёти ўзбек, филологияи Шарќ ва фарњанги љањонї (фолклор)-и факултет дар асоси шартномањои тарафайн таљрибаомўзиро дар муассисањои таълимии шањрњои Бохтару Леваканд ва ноњияи Кўшониён, ихтисосњои рўзноманигорї ва журналист-тарљумон бошад дар идораи воситањои ахбори оммаи вилоят мегузаронанд.

Бояд ќайд намоем, ки дар рафти таљрибаомўзї роњбарону масъулон ба дарсњои донишљўён даро-мада, љињати баргузории машѓулиятњо, истифодаи усулњои муосири таълим ва амсоли инро њамаљониба тањлилу хулосабарорї менамоянд. Ба андешаи устодону роњбарони таљрибаомўз сол то сол сифати гузаронидани раванди таљрибаомўзї бењтар шуда, масъулияту натиљањо бењтар гардида истодаанд.

Дар моњи декабри соли равон дар ихтисосњои дар боло номбаршуда конфронси љамъбастии таљрибаомўзї баргузор шуд, ки донишљўён дар он фаъолона иштирок ва дастовардњои худро муаррифї намуданд. Зимни баргузории конфронс таъкид шуд, ки имсол донишљўёни таљрибаомўз аз худ фаъолияти хуб нишон дода, аз љониби роњбарони муассисањо, ташкилоту идорањо бо сипосномаву иф-тихорнома ќадршиносї гардиданд.

Дар нимсолаи бањорї низ донишљўёни факултет ба таљрибаомўзї сафарбар мешаванд ва боварї до-рем, ки онњо боз ба натиљањои назаррас ноил хоњанд гашт.

Дар асоси наќшањои таълимї санаи 3-юми феврали соли равон конференсияи таљрибаомўзии омўзгорї ва истењсолии донишљўён дар нимсолаи дуюми соли хониш барои ихтисосњои рўзноманигорї, забон ва адабиёти тољик, забон ва адабиёти ўзбек, фолклоршиносї, филологияи шарќ баргузор шуд. Дар љамъомади таљрибаомўзон ноиби ректор оид ба таълим профессор Абдурањимзода Ќ.С, роњбари таљрибаомўзии омўзгории донишгоњ Холматов С., роњбари таљрибаомўзии истењсолї Ятимов А., де-кани факултети филология И. Ќодиров ва дигар омўзгорону донишљўён иштирок доштанд.

Дар конфронс устодон, роњбарон ва мушовиро-ни фаннї баромад намуда, доир ба њуќуќ, вазифа ва њуљљатгузории таљрибаомўзон маълумотњои му-шаххас доданд. Гуфта шуд, ки шумораи донишљўёни таљрибаомўзони омўзгорї 85 нафарро ташкил медињад, ки онњо ба муассисањои таълимии № 3, 6, 9, 5-и шањри Бохтар ва гимназияи назди донишгоњ равона гардиданд. Донишљўёни ихтисоси рўзноманигории факулта ба Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон барои таљрибаи истењсолї равона гардиданд.

О. РАУФ – «Фурўѓ»

Дар синфњои ибтидої таълим пояи инкишоф ва ташаккули шахсият буда, тањкурсии минбаъдаи омўзиш ва дуруст парвариш ёфтани инсоният мебошад. Таълим дар ин зина муайянкунандаи комёбї ва нокомии мактаббачагони хурдсол ба њисоб рафта, дар фаъолияти минбаъдаашон наќши муњим мебозад.

Боиси зикр аст, ки дар гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав мактаббачагони синфњои ибтидої ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онњо омўзгорони ботаљриба дарс мегўянд. Омўзгорони ин муассиса имрўз талош варзида истодаанд, ки дар таълиму тарбияи насли хурдсол бодиќќат бошанд. Аз баски устодони синфњои ибтидої бо кўдакони њафтсола то дањсола сару кор мегиранд, бояд њамчун таълимдињанда, тарбиятгари мушфиќу мењрубон, серњаракат, чењракушоду њозирљавоб бошанд. Ин гурўњи омўзгоронро лозим аст, ки дар замири худ тахаюлоти бой, лафзи ширин, забони гўё дошта бо-шанд, то намунаи ибрат гарданд, зеро хонандагони синфњои ибтидої дар синну соли хеш таќлидкориро меписанданд. Омўзгори синфњои ибтидої бо ривояту

афсонањои дилангези хеш њамеша бачањоро мафтун карда, бояд дурро наздик, мушкилро осон, муракка-бро сода карда, нишон дода тавонад. Барои он ки омўзгор бо тарзи нав кор кунад, њатман бояд ба тав-ри нав бихонад, аз илмњои замона бохабар бошад, ба дарс бо омодагии хуб њозир гардад. Вай бояд дар хотир дошта бошад, ки барои омўзгори масълуиятпа-зир њар як дарс кошонаест тозаю љадид. Ва офтобест рўшноибахши њаёт.

Ин љањони рўшан ва тоза ба омўзгор замоне му-

яссар мешавад, ки мењнати эљодї, мањорати педагогї, муњаббати модаро-на дошта бошад. Дар натиља ќадру ман-залати устод баланд гардида, љањони наверо ба рўи шогирдон во мекунад. Омўзгорон бояд њељ гоњ муносибати як-тарафа надошта бошанд, онњо њамеша бо шогирдон муносибати тарафайн на-муда, бо шеваи мо мехонем, мо менави-сем, мо иљро мекунем рафтор намояд. То ин ки хонанда дар симои устодонаш як њамдарди худро бубинад. Вобаста ба ин омўзгорони синфњои ибтидої шахсоне буда метавонанд, ки нисбати бачањо яъне шогирдон азизу ѓамхор ва бошафќат бошанд. Бачањоро табиатан дўст доранд, шахсияти онњоро эътироф кунанд, бо њамаашон муомилаи якхела

намоянд. Рисолати омўзгор мањз аз шогирдони баркамол

тарбиянамудааш пайдо мегардад. Омўзгори синфњои ибтидої роњнамоест, ки пояи авввалини илм, зиндагї ва љомеаро барои инсоният мегузорад. Кўдакро бо њарфу њиљо, бо забон ошно сохта, шинохти неку ба-дро ба ў меомўзонад. Шогирдонро бо мењру муњаббат соњибмаърифат намудан самараи неки омўзгори асил аст. Ба ин хотир омўзгорон бояд дўстдори шогир-дони худ бошанду барои омода намудани хонандаи њаматарафа ташаккулёфта сањмгузор бошанд.

Муњаммадназир ШИРИНОВ –омўзгори гимназияи ДДБба номи Носири Хусрав

Набояд ба фарњанги бегона рў овард

Таълим - асоси устувори соњибмаърифатї

Сањ. 56 феврали соли 2020. № 3 (410)Њарфе, ки аз ў диле кушояд,Аз њар ќаламе бурун наояд. Хусрав

Аз љониби Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон гузоштани номи зебо ва тољикона ба фар-зандон сарвати забон ва як љанбаи эњтиром арзёбї гардидааст. Сарвари давлат дар яке аз баромадњои хеш иброз доштанд, ки «Эњё кардани номњои миллии тољикї, ба танзим даро-вардани онњо ва номњои љуѓрофї аз масъалањои мубрами сиёсати забонии мо мебошад». Аммо ново-баста аз таъкидњои Пешвои муаззами миллат то њол бо нафароне вохўрдан мумкин аст, ки дар самти номгузорї ба бегонапарастї рў оварда-анд. Баъзењо аз шавќи зиёд доштан ба филмњои туркї номњои ќањрамонони филмро ба фарзандонашон мегузо-ранд, баъзеи дигар бошанд номњои бегонаю бемаъниро бањри фарзанди худ интихоб менамоянд. Ин омил боиси коста гардидани худшиносї ва њувияти миллии соњибном мегардад.

Боиси сарфарозї ва иф-тихор аст, ки дар Љумњурии Тољикистон забони модарї маќоми давлатї дорад. Љињати рушду равнаќи њамешагии он аз љониби Њукумати киш-вар ѓамхорињои доимї зоњир мегардад. Албатта дўст до-штану эњтиром намудани за-бони модарї ба якчанд омил вобастагї дорад. Яке аз ин омилњо марбут ба ному номгузорї мебошад. Љаноби Олї аз «Фењристи номњои миллии тољикї», ки бо ќарори Њукумати мамлакат тасдиќ ва меъёрњои интихоби номњои

миллї муќаррар шудааст, таъ-кид доштаанд, ки њадаф аз ин амал эњё кардани арзишњои маънавї ва мероси пурарзи-ши таъриху фарњанги миллї, инчунин, номгузории суннатии тољикї мебошад. Њама гуна ном ва пеш аз њама, номи шахс бояд дар такя ба асолату сањењияти забони модарї гузошта ша-вад, ном бояд зебо, бомазмун ва мухтасару гўшнавоз бошад, умеду орзуњои некро ифода на-мояд.

Имрўз баъзе падару мо-дарон нисбати ин масъалаи муњим беэътиної зоњир на-

муда, ба фарзандони худ номњои дорои маънои коста ва ё номњои ба анъанањои миллии мо носозгору бегона менињанд, ки ин амали бе-хирадона ва кўтоњандешона мебошад. Волидонро зарур аст, ки ба фарзанд номи нек гузоранд. Пеш аз гузоштани ном калонсолон бояд ба маъ-но, хусусият ва тартиботи он диќќат дињанд. Падару модар барои интихоби ном бояд та-моми саъй ва талоши худро ба кор баранд, то номи зебо, муносиб ва пурмуњтаво барои фарзандаш интихоб кунанд. Аз гузоштани номњои ѓайритољикї ва бегонаю бемаънї, ки хеле таассуфовар буда, гарчанде дар замони кўдакї бисёр шево љилва кунад њам, вале барои љавонї ва бузургсолї номуно-сиб ва хиљолатовар аст, парњез намоянд. Зеро ин гуна номњо дар ояндаи онњо лаќабе барои масхараи дигарон хоњад шуд. Номњое ба мисоли Гургалї, Гурез, Тешабой, Тавар, Санг, Хоркаш, Гунљишк ва ѓайра бои-си хиљолати имрўзаи бархе аз нафарони калонсол мегардад.

Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиќлолияти давлатї дар ин замина низ корњои созанда ба анљом ра-сидааст. Ба хусус Ќонун «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї», ки ба кўдак гузоштани номи ба фарњанги миллии тољикї бего-на, номи ашё, мол, њайвонот ва паррандагон, инчунин ном ва иборањои тањќиромез, ки шаъ-ну шарафи инсонро паст меза-нанд ва одамонро ба табаќањо људо менамоянд манъ аст.

Яке аз таъсироти номи хуб он аст, ки инсон саъй мекунад

ончунон ки соњиби аслии ном дорои хислатњои хуб аст, ў низ онњоро касб кунад ва мекушад, то њадди имкон аз њайсияти он ном хуб муњофизат кунад ва аз баракоти он бањраманд шавад. Чунончї нависандаи машњур Расул Ѓамзатов дар асараш «Доѓистони ман» мегўяд «... номи духтар бояд монанди шўълаи ахтар зебо, ё чун гули бўстон раъно бошад. Дар номи мард бояд садои шамшер ва њикмати китоб таљассум ёбад».

Пайдост, ки забони тољикї хеле тавонову дорои имконо-ти фаровон аст. Аз љумла, дар самти ном ва номгузорї басо ѓановатманд мебошад. Бояд аз ин имконоти забони нобу асил ба маврид истифода на-моем. Њар яки моро мебояд, ки оид ба ном ва номгузорї, моњият, ањамият ва махсусияти ин масъалаи муњим ва пайванд ба ифтихору њуввияти миллї бетарафї зоњир нанамоем.

М. НАЗАРОВ – омўзгори факултаи

филология

Маркази тањсилоти фосилавї зинаи нави рушди ѓоибонаи тањсил буда, дар он истифо-даи технологияњои иттилоотї таъмин шуда-аст ва фарќияти он аз на-муди ѓоибонаи тањсил дар он аст, ки ќисми муњими маводњои таълимї, му-носибат байни омўзгор ва донишљўён (машва-рат бо воситаи почтаи электоронї, семинарњо дар режими online ва ofline) ба воситаи интернет аз худ мешаванд.

Низомномаи тањсилоти фосилавї дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон шурўъ аз соли 2017 ба роњ монда шуд, ки тибќи он

тамоми донишљўёни ѓоибона минбаъд дар ин раванд тањсил намуда истодаанд. Ин Низомно-ма дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мао-риф», «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти кас-бии баъд аз муассисањои олии таълимї», Стандарти давла-тии тањсилоти олии касбї дар Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї тањия гардидааст.

Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав зиёда аз 5000 донишљўён ба тањсилоти фосилавї љалб гардидаанд, ки он ихтисосњои гуногунро дар бар мегирад. Дар соли тањсили 2019-2020 967 на-фар донишљўён тавассути Мар-кази миллии тестї ба шуъбаи тањсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил гар-диданд. Машѓулиятњо дар ин шуъба аз 6 январ оѓоз гардида, то 29 январ идома ёфтанд. Тариќи шуъбаи тањсилоти фосилавї 5728 нафар донишљў тањсил менамоянд, ки аз ин шумора

курсњои якум 967 нафар, курсњои дуюм 2570 нафар ва курсњои сеюм 2191 нафарро ташкил медињанд. Имтињонњо бошанд дар маркази фосилавї тавассу-ти компютер бо барномањои мах-сус гузаронида мешаванд. Мар-кази тањсилоти фосилавї барои донишомўзон имконияти хуби замонавиро фароњам сохтааст.

Аз љумла, -алоќаи доимї бо устод, имконияти машварати фаврї дар хусуси саволњои пай-дошуда бо истифодаи воситањои телекоммуникатсионї (почтаи электронии дохила, skype ва ѓайра);

-имконияти ташкили мубоњ-иса, форумњо, корњои якљоя бо гурўњ дар ваќти омўзиши курс њар лањза;

-дастрасии маводњои наз-ариявї ва амалї дар шак-ли электронї (слайдњо, пр е з е н т атсияњои овознок, видео-фрагментњои дарс);

-истифода бурдани китобхо-наи электронї;

-шинос шудан бо наќшаи

шахсии тањсил; -муайян намудани бал аз рўи

фанњо барои семестри њозира ва гузашта;

-иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъ-зан маълумотњои иловагї);

-љадвали дарсї;Маќсад аз ба роњ мондани

ин низом, дастрасии таълим но-вобаста аз мавзеи љойгиршавии муассисањои тањсилоти олии касбї ва субъектњои раванди таълим мебошад. Дар шароити низоми тањсилоти фосилавї ма-води иттилоотии таълимї асосан

дар шакли электронї бо истифо-даи технологияи муосири итти-лоотию иртиботї ва моњворавї таъмин карда мешавад. Ин усул бањри омода намудани му-тахассисони дорои тањсилоти олии касбї ва ба талаботи бо-зори дохилї ва хориљии мењнат љавобгў будани онњо мусоидат хоњад кард.

Муродалї ИБОДОВ –сармушовири директо-ри маркази тањсилоти

фосилавї дар ДДБ ба номи Носири Хусрав

Тањсилоти фосилавї ва талаботи бозори мењнат

Номи мувофиќ бозгўкунандаи њусни

инсон аст

Наќшањои инфиродїва талабот ба он

Наќшаи кории омўзгор њамчун њуљљати расмї тарзи таш-кили кор ва њисоботсупории омўзгорро дар соли тањсил муайян мекунад. Он дар љаласаи кафедра тасдиќ кархда шуда, аз љониби омўзгор, мудири кафедра, декани факултет, сардори раёсати таълим ва муовинони ректор оид ба корњои таълимї, илмї ва тарбиявї ба имзо мерасад.

Ба наќшаи инфиродї аз тарафи омўзгор корњои таълимї, илмї-тањќиќотї, таълимї-методї ва дигар намуди корњо дар асо-си талаботи санадњои меъёрии њуќуќї ва оинномаи муассисаи тањсилоти олии касбї пешбинї карда мешаванд.

Санљиш дар кафедрањои донишгоњ нишон дод, ки мутаасси-фона, дар самти ба наќшадарории корњои таълимї, тарбиявї, илмї- методї ва иљрои онњо дар наќшањои инфиродии ќисме аз омўзгорони кафедрањои донишгоњ як ќатор њолатњои нигаронку-нанда мушоњида мешаванд.

Дар маљмўъ метавон кафедрањои амалкунандаи донишгоњро ба ду гурўњ људо намоем, кафедрањои дар ин самт муваффаќ ва кафедрањое, ки дар фаъолияташон норасоињо њангоми санљиш ошкор гардидаанд.

Кафедраи педагогика ва психологияи умумидонишгоњї, ки роњбарии онро профессор Ќ.С. Абдурањимзода ба ўњда доранд, кафедраи аз љињати потенсиали илмї пуриќтидор мањсуб ёфта, дар он 27 нафар омўзгорон, аз љумла 1 нафар доктори илм, профессор, 7 нафар номзадњои илм, дотсентон ва омўзгорони ботаљрибаи касбї кору фаъолият доранд.

Дар наќшаи инфиродии омўзгорон ќисматњои сарборї маќсаднок ва бомазмун дарљ ёфтаанд. Корњои илмї-методї, илмї-тадкиќотї, тањия ва чопи маводи илмї дар кафедра мувофиќ ба наќшањои инфиродии омўзгорон роњандозї шудааст.

Як самти фаъолияти кафедраро асосан иљрои мавзўњои фармоишї ташкил медињад, ки аз талаботњои мактаби олии муосир ба њисоб меравад. Бояд ќайд кард, ки мутаассифона, амалигардонии лоињањои фармоишї на дар њамаи кафедрањо мушоњида мешаванд. Устодони ин кафедра айни замон лоињаи тањќиќотии мавзўи фармоишро тањти унвони «Хусусият, шакл, роњ ва воситањои татбиќи низоми тањсилоти кредитї дар муассисањои олии касбї» (муњлати иљро январ 2017-декабр 2021) амалї ме-намоянд.

Аз љониби иљрокунандагони лоиња дарсњои омўзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав тањлил ва наќшањои корї (силлабус)-њо ва наќшањои инфиродии омўзгорон мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода шудаанд. Дар интињои кор, хулосањо бароварда шуда, тавсияњои мушаххас ба омўзгорон пешкаш карда мешаванд. Аз рўи лоиња 2 номгўи монография ва маќолањои илми ба чоп ра-сидаанд. Бояд махсус ќайд намуд, ки аъзои кафедра маротиби чорум аст, ки чунин лоињањоро амалї мекунанд.

Тавре маълум гардид устодони кафедра дар асоси нишон-доди ќисматњои наќшањои инфиродї дастурњои таълимї-методї ва маќолањои илмї-тањќиќї таълиф намуда, талаботи наќшањои инфиродиро иљро намудаанд.

(Давомаш дар сањ. 7)

Бо шарофати Истиќлолияти давлатї ва сиёсати хирадмандонаву фарњангпарваронаи Асосгу-зори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат, Президен-ти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ёдгории ањди ќадими кишо-варзии Саразм ба Фењрасти мероси фарњангии умуми-башарии ЮНЕСКО шомил гардидааст ва соли 2020 бошад 5500-солагии Саразм дар миќёси љањон таљлил мешавад.

Яке аз ёдгорињои ќадимии ањди бостон шањраки Сараз-ми Панљакент ба њисоб ме-равад. Бояд гуфт, ки Саразм шањркадаи яке аз ёдгорињои

ќадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринљии Осиёи Миёна мебошад. Тибќи маълу-моти археологон дар болооби зарафшон чор ёдгорї ва якчанд нуќоте бо бозёфтњои ба њама зинањои давраи биринљї хос буда ошкор шуд. Ин манбаъњо мањаллаи Саразм, ќабри Зард-ча, ќабристони Дашти Ќозї, ќабристони Чорбоѓ ва ѓайра мебошад. Масоњати густариши ёдгорињо ва бозёфтњои ном-бурда то 140 км ќад ва 15-20 км

барро фаро гирифтааст. Асоси иќтисоди сокинони

Саразмро њунармандии махсус ва соњаи заминдорї ташкил ме-додааст, ки њам аз кишту кори заминњои обї ва њам лалмї ибо-рат будааст. Аз охири њазораи IV сар карда, то асри мо шањри Саразм ба яке аз марказњои металлургии минтаќаи Осиёи Миёна табдил меёбад. Ба ин захирањои бойи тилло, нуќра,

мисс, сурб ва руњ дар кўњњои болообї дарёи Зарафшон му-соидат кардааст. Бо густари-ши робитањо дар миёнањои њазорсолаи IV то асри мо са-размиён бо марказњои ќадимаи заминдории Туркманистони Љанубї, Эрон, Балуљистон, Њиндустон ва Афѓонистон њамкории фарњангї ва тиљоратї ба роњ мондаанд.

Њамин тариќ, шањраки Са-разм ёдгории беназире ба њисоб меравад, ки дар худ

робитањои гуногуни фарњангї ва муносибатњои мардуми дав-раи энеолит ва давраи асри биринљиро таљассум кардааст. Пешвои муаззами миллат зимни мулоќоти худ ба ањли зиёиёни мамлакат пешнињод намуданд, ки соли 2020-ум дар 30-сола-гии Истиќлолият 5500-сола-гии Саразми бостонї њамчун маркази ташаккули мадания-ти кишоварзї, хунармандї ва

шањр созии тољикон љашн ги-рифта шавад.

Ин иќдоми наљиби Асос-гузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон боиси сар-фарозии халќи та-маддунофари тољик мебошад. Мо насли на-врасу љавони Љумњурии Тољикистон хушбахт ва ифтихорманд аз он њастем, ки чунин Пеш-

вои њидоятгару сулњпарвар дорем. Мо љавонон даст ба дасти њам дода, аз як гиребон сар бароварда, бањри њифзи арзишњои миллї, њимояи мар-

зу буми кишвар бо омўзиши илму дониш ва технологияи муосир талош мекунем.

Юсуф ЊАСАНОВ –хонандаи синфи 10-и гимназияи

ДДБ ба номи Носири Хусрав

Сањ. 6 6 феврали соли 2020. № 3 (410)

Сањифаидонишљў

Наљавонеро чу бинам беадаб,Рўзи ман торик мегардад чу шаб. Иќбол

Паёми Президенти кишвар њамасола роњи соњањои њаётан муњими кишварро ба пуррагї ифода карда, барои фаъолият њамчун дастури роњнамо ис-тифода мешавад. Дар Паёми имсола бо маќсади таъмин намудани рушди устувори иќтисодиёти мамлакат дар бобати њалли масъалањои во-баста ба пешрафти техноло-гия ва барои таљдиду бунёди он вазифагузорињо шудаанд.

Љумњурии Тољикистон бо вуљуди таѓирёбии вазъи сиёсиву иќтисодї ва амнияти чањон дар роњи пешраф-ти бемайлони иќтисодї, расидан ба њадафњои стратегї ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи ањолї, бо ќадамњои устувор пеш меравад. Вале пешрафти ояндаи Тољикистон дар шакли инноватсионї пешбинї гардида, љињати татбиќи ин њадаф бо истифода аз технологияњои муосир, баланд бардоштани самаранокии са-ноати коркард ва ќобилияти раќобати мањсулоти ватанї бисёр муњим мебо-шад.

Њукумати мамлакат њамаи захираву имкониятњоро барои таљдиду бунёди инфрасохтори иќтисодиву иљтимої ворид намудани технологияњои њозиразамон, њалли масъалањои вобаста ба соњањои обу энергетика, махсусан фароњам овар-дани фазои мусоид барои сармоя-гузориву соњибкорї, рушди бахши хусусї ва таъмини волоияти ќонун сафарбар кардааст. Вобаста ба пеш-рафти иќтисодиёт, комёбињои илму техника, сол то сол зиёд шудани истифодаи кортњо ва дигар наму-ди њисоббаробаркунии њаљми пули њамчун воситаи муомилот истифода-шаванда кам мешавад.

Бо маќсади танзими хизматрасонињои пардохти осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули наќд дар муомилот ва вусъат бахшида-ни њисоббаробаркунии ѓайри наќдї тадбирњои зарурї амалї шуда ис-тодаанд. Аммо тањлилњо нишон медињанд, ки гарчанде соли 2018 шу-

мораи дорандагони кортњои пардохтї 5,5-фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион на-фарро ташкил дода бошад, дар соли 2019 95-фоизи амалиёти кортї бо гирифтани пули наќд вобаста гарди-данд.

Дар мамлакатњои тараќќикарда, ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва ѓайра њаљми пули наќд дар њаљми умумии гар-диши он хеле кам аст, зеро дар ин мамлакатњо воситањои њозиразамони њисоббаробаркунї ба суратњисоби кормандон, нафаќахўрон, донишљўён, гузаронидани музди мењнат, нафаќапулию стипендия ва аз он љо ба таври ѓайринаќдї (бо воситаи кортњо) додани арзиши молњо ва

хизматрасонињо, бо чеку векселњо, до-дани пули молњои баландарзиш васеъ истифода мешавад. Масалан дар ИМА

њамаги 1-фоизи кормандон маоши моњонаи худро бо пули наќд мегиран-ду халос, дар Олмону Британияи Ка-бир ва Фаронса миќдори кормандоне, ки чунин тарзи њисоббаробаркуниро истифода мебаранд, аз 8 то 12-фоиз-ро ташкил медињанд.

Њамаи мамлакатњо низ ба ис-тифодаи камтари пулњои наќд дар муомилот хеле њавасманданд, зеро таъмини гардиши пулњои наќдї харљи хеле зиёдро талаб мекунад. Мувофиќи маълумотњо њаљми уму-мии пулњои наќд дар дунё 10 мил-лион тоннаро ташкил медињад, ки аз он 250 њазор тоннааш ба долларњои ИМА рост меояд. Барои таъмини муомилоти пулї, на камтар аз 100 миллион тонна коѓазу ширеш ва ла-возимоти дигар зарур аст. Бар замми ин мардуми зиёд ба њисобу китоб, бастакунї, љобаљогузорї, нигоњдорї, бурдан аз як љой ба љойи дигар ва ѓайрањо машѓуланд. Арзиши як моши-ни калони пулњисобкунї аз 40 њазор то 2-миллион доллари ИМА аст. Аз ин рў, мамлакатњо доимо дар љустуљўи шаклњои нави њисоббаробаркунианд. Маќсади муомилоти пулии наќдию ѓайринаќдї таъмини самаранокии муомилоти молї ва пардохтњо ме-бошад. Ташкили дурусти он имкон медињад, ки устувории ќурби пули миллї, ки яке аз шартњои пешрафти иќтисодиёт мебошад, таъмин карда шавад .

Исфандиёри ЉУРАБОЙ –донишљўи курси 2

факултети иќтисодї,ихтисоси кори бонкї

Саразм – ёдгории беназир

Рушди технологиява иќтисодиёт

Ватани азизи мо - Тољикистони бињиштосо аллакай диќќати мардуми тамоми сайёраро ба худ љалб кардааст ва сафи сайёњони хориљие, ки аз ватани мо дидан карда истодаанд, рўз то рўз афзуда истодааст. Ин аз он гувоњї медињад, ки дар Тољикистон сулњу субот, оромиву осоиштагї њукмфармост ва мардуми фарњангсолору мењмоннавоз дорад.

Њамаи ин муваффаќиятњои бада-стоварда ва рушду нумўи Ватани азизи моро баъзе душманони хориљї тавони дидан надоранд ва онњо љавонони бе-саводу ноогоњро ба доми худ кашида, аз онњо террористу экстремист тайёр ме-кунанд, ки ин боиси таассуф аст. Ба ин љавонони гумроњу љоњил љињод карданро меомўзонанд. Љињодкунандагон нафароне буданд, ки дар солњои љанги шањрвандї сина сипар карда, барои пойдории Љумњурии тозаистиќлоли Тољикистон, ба-рои аз байн нарафтани миллати тољик ва ба ѓуломиву бандагї гирифтор нашудани њамватанони худ мардонавор мубори-за бурданд, миллати парокандашударо сарљамъ намуданд, ки ин аз гўшаи имон-дориву номуси ватандорї аст.

Яќин аст нафаре, ки ба халќу миллат ва Ватани хеш содиќ нест, ба халќу миллати ѓайр содиќ буда наметавонад.

Таърих гувоњ аст, ки ватанфурўшу хои-ни миллатро дар ягон давру замон касе на-бахшидааст. Аз ин рў, баъди ин ќадар хиё-нату разилї аз халќу миллати худ бахшиш пурсидан суде набояд бахшад.

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронињои худ борњо таъкид кардааст, ки террористу экстремист дину мазњаб, мил-лат ва имону виљдон надорад.

Имрўз мардуми шарифи Тољикистон њамагї медонанд, ки нањзатиён бо даст-гирии хољагони хориљии худ ба сари мил-лати тољик чї гуна бадбахтињоро оварда буданд. Акнун мардум њамагї аз фитнаву найрангњои содирнамудаи ба ном мусул-монони нањзатї пурра огоњанд. Аз ин рў, онњо њељ гоњ ба душманони миллат имкони-ят намедињанд, ки бори дигар ниятњои но-поки худро амалї созанд ва њизби Нањзати Исломро, ки њамчун њизби террористиву экстремистї эълон шудааст, аз сари нав зинда карда, сари ќудрат бароранд.

Имрўз тамоми ањолии Тољикистони азиз дар атрофи сарвари муаззами худ, муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид шуда, љонибдори сиёсати пешгирифтаи Ў мебошанд, бањри ободкориву созандагї ва рушду нумўи боз њам бештари Ватани соњибистиќлол зањмат ба харљ дода истода-анд.

Аз ин лињоз, бо боварии том метавон гуфт, ки дигар ягон ќувваи беруна намета-вонад ин сулњу субот ва оромиву осудагии мардумро, ки бо зањматњои шабонарўзии Сарвари давлатамон ба даст омадааст, ха-лалдор созад.

Шоира КАРИМОВА –донишљўи соли якуми

факултаи филология, ихтисосизабон ва адабиёти тољик

Сад шукри сулњу вањдатМо халќи Тољикистон,Гулњои як гулистонБањри дифои кишварЯкдил шудему якљон.

Дар гирди сарвари худ,Шоњи диловари худГирд омадему кардемОбод кишвари худ.

Дар рўйи хони тољикАнвои нозу неъматБинему љумла гўем:«Сад шукри сулњу вањдат».

Мадина ЃАЮРОВА -донишљўи соли дуюмиихтисоси МТИ, факултаипедагогика ва варзиш

Ватандорї аз гўшаи имондорист

Сањ. 76 феврали соли 2020. № 3 (410) Он кас, ки суханњои бузургон накунад гўш,Бисёр бихояд сари ангўшти надомат. Аттор

(Аввалаш дар сањ. 5)Дар нимсолаи якуми соли тањсили 2019

њолати иљроиши наќшаи инфиродии усто-дони кафедраро ќаноатбахш њисобидан мумкин аст. Фаъолияти самарабахш ва таљрибаи устодони кафедраро дар сам-ти иљрои наќшањои инфиродии омўзгорон метавон њамчун намуна барои дигар кафедрањо тавсия намуд.

Кафедраи дигаре, ки устодони он дар амалишавии нишондодњои наќшањои инфиродї пешсафанд, ин кафедраи ада-биёти тољик аст. Дар кафедраи адабиёти тољик 16 нафар устодон ба таълиму тадрис машѓуланд. Устодони кафедра асосан аз рўи се самту равия корњои илмї-тањќиќотї мебаранд. Вобаста ба самтњо аз љониби устодони кафедра соли 2019 3 маљмўаи маќолахо ва 63 маќолаи илмї-методї ба нашр расида, 7 маърўза дар конференсияи байналмилалї ва 6 маърўза дар конферен-сияи љумњуриявї ироа гардидаанд.

Кафедра бо унвони «Тарбияи ифти-хори миллї ва ватандўстии хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумй зим-ни тањќиќи назария, таърих ва усули таъ-лими забон ва адабиёти тољик бо љанбаи

кишваршиносї» (барои солњои 2018-2022) мавзўи илмї-тањќиќотии фармоишї дорад. Роњбарии мавзўъро профессори кафедра Муродиён Њасан ба уњда дошта, дотсенти кафедра Наимов Ќ. ва саромўзгор Амиршо-ев А. иљрокунандагон мебошанд. Дар даво-ми соли љорї вобаста ба мавзўи фармоишї аз љониби устодони мазкур як зумра корњои илмї ба анљом расидаанд.

Санљиши масъалаи мазкур нишон дод, ки вазъи иљрои наќшањои кории омўзгорон дар кафедраи адабиёти тољик мувофиќ ба талаботи Стандарти давлатии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон ба роњ монда шудааст ва дар маљмуъ мета-вон гуфт, ки иљрои наќшањои инфиродии омўзгорони кафедра дар самти корњои илмї-тањќиќотї шоистаи омўзиш аст.

Чунин тартиби коргузорї ва иљрои ду-русти наќшањои инфиродии омўзгоронро метавон дар кафедраи алгебра ва гео-метрия мудираш профессор А. Сатторов, кафедраи методикаи таълими математика ва информатика мудираш дотсент Р. Са-

идназаров , кафедраи таърихи халќи тољик мудираш дотсент Р. Ќазоќов, кафедраи математикаи оллї мудираш профессор Љумабой Сафаров мушоњида намуд.

Санљиш нишон дод, ки дар самти иљрои наќшањои инфиродии омўзгорони кафедрањо як ќатор камбудию норасоињо низ мушоњида мешаванд. Асосан камбудињои ошкоргашта, љузъї буда, ќариб дар њамаи кафедрањо ба њам монан-данд. Ин камбудињо бештари маврид дар наќшањои инфиродии омўзгорони љавон ба назар расиданд. Бештари камбудињо дар ќисмати илмии наќшањои инфиро-дии омўзгорон содир шудаанд, ки аз камтаљрибагї ва бемасъулиятии ќисме аз масъулон дарак медињанд. Камбудињо асо-сан ин бемаќсад дар наќшањои инфиродї сабт шудани таълифи маќолањо, њатто да-стуру монография ва барномањои таълимї мебошад, ки аз надонистани моњияти ќисмати наќшаи инфиродї омўзгорон аз наќшањои дигар устодон рўйбардор на-мудаанд. Ќисми дигари омўзгорон дар

наќшањои инфиродї таълифи маќолањои илмии зиёдро нишон дода, аз хотир фаро-муш намудаанд ва ин ќисмати наќшањои инфиродї иљро нагаштааст. Як ќисмати дигари омўзгорон бо вуљуди дар донишгоњ собиќаи зиёди корї доштанашон, то њол мавзўъ ва роњбари илмии худро муайян накардаанд. Бинобар ин, ба мудирони кафедрањо лозим аст, ки дар самти иљрои корњои ба наќшањои инфиродї вориднаму-даи омўзгорон масъулияти бештаре эњсос намуда, иљрои њамаи самтњои наќшаи ин-фиродиро назорат намоянд.

Пешнињод менамоем, ки раёсати тањсилот дар њамбастагї бо шўъбаи илмї донишгоњ дар муњлатњои наздиктарин бо иштироки мудирони кафедра семинар-машварати омўзиширо оид ба наќшањои инфиродї роњандозї намоянд.

Насим НАИМЗОДА –мудири кафедраи

информатика ва технологияииттилоотї - комуникатсионї

Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барои ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин барои баланд бардошта-ни тафаккури техникии насли наврас солњои 2020-2040-ро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи маориф» эълон карданд.

Садорати факултети ма-тематика-информатика бањри бомуваффаќият ва самаранок гузаронидани соли тањсили 2019-2020 њаматарафа омодагї дида, барои баланд бардоштани си-фати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соњаи математика ва информа-тика раванди таълимро зери на-зорат гирифтаанд.

Кафедрањои факултети математика-информатика дар тўли фаъолияти кории худашон фармону супоришњои Асос-гузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ва дастуру барномањои Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, ќарору фармонњои шўрои оли-мони донишгоњро асос карда, бањри дар амал татбиќ намудани наќшањои дурнамои худ љидду љањд намуда, дар тайёр карда-ни ихтисосмандони соњаи мате-матика ва информатика сањми муносиб гузошта истодааст. Хатмкардагони он на танњо дар њудуди Тољикистон,балки берун аз он низ кору фаъолият намуда, шарафу номи кишвари азизамон-Тољикистон ва донишгоњро ба-ланд бардошта истодаанд.

Дар факултети математика – информатика 7 нафар доктор-они илм профессор, 14 нафар номзадњои илм ва дотсентон,

5 нафар саромўзгор ва 41 на-фар омўзгорону асситентон кору фаъолият менамоянд. Теъдоди устодони дараљаи илмидошта дар факултет 33,8% -ро ташкил мекунад.

Дар факултет ба корњои илмї диќќати аввалиндараља дода шуда, њолати корњои илмї-тањќиќоти ва илмї-методї доимо

дар љаласањои деканат ва шўрои олимони факултет муњокима ва баррасї карда мешаванд.

Љамъияти илмии донишљўён дар факулта 15 нафар аъзо до-рад ва моње як маротиба гуза-ронида мешавад. Њаминро бояд ќайд кард, ки аз теъдоди зиёди донишљўёне, ки дар факултет тањсил менамоянд, ин миќдор бенињоят кам аст. Гарчанде љамъияти илмии донишљўён ва мањфилњои фаннї кору фа-ъолият намоянд њам, мутаас-сифона, донишљўёни ин фа-култет дар чанд соли охир дар олимпиадањои љумњуриявї ва озмунњо љойњои ифтихориро соњиб нагаштаанд.

Дар факултети математика ва информатика 6 кафедра амал мекунад. Соли тањсили љорї аз љониби устодони кафедраи ал-гебра ва геометрия 34 маќолаю маърўзањо дар конференсияњо ва журналњои илмї чоп шуда-аст, ки аз инњо зиёда аз 20-тоаш дар маљаллањои таќризшаванда (КОА) мебошад. Дар ин кафедра семинари илмї – методї бо сар-варии профессор Сатторов А.Э. амал мекунад. Семинар дар як моњ як маротиба гузаронида ме-шавад. Кори семинар биёр хуб мебошад, ки натиљањои онро аз њимояњои омўзгорон дидан мум-кин аст.

Иљроиш ва наќшаи дурнамои такмили ихтисоси кормандони ка-федра мављуд аст ва омўзгорон тибќи он аз курси такмили ихти-сос мегузаранд. Дар кафедраи алгебра ва геометрия мањфили илмии донишљўён бо номи «Ал-гебра ва геометрия»фаъолият менамояд, ки роњбарии онро омўзгор Хонимќулов А. ба ўњда дорад. Њаминро ќайд кардан ло-зим аст, ки кори мањфил бењбудї мехоњад.

Кафедраи тањлили математикї 13 нафар аъзо до-

рад. Устодони кафедра корњои илмї – тањќиќотї ва илмї ме-тодиашонро аз рўи 3 самт пеш мебаранд. Соли тањсили љорї 46 адад маќолањо дар конференсияњои дохила, беруна ва дар журналњои илмї аз чоп бароварда шудааст. Аз ин теъ-дод 4-тоаш дар хориљи кишвар нашр шудаанд. Дар назди кафе-

дра семинарї илмї, бо сарварии профессор Сафаров Љ.С.њар њафта дар рўзи панљшанбе гуза-ронида мешавад.

Соли 2019 аз љониби омўзгорони кафедраи матема-тикаи амалї ва барномасозї 4 дастури методї ва 9 маќолаю фишурдаи маърўзањо ба табъ расонида шудааст. Вазъи корњои илмї-тањќоќотї ба илмї-методї доимо дар мадди назари кафедра буда, мунтазам дар љаласањои кафедра муњокима ва баррасї карда мешавад.

Дар кафедраи методикаи таълими математика ва инфор-матика аз рўи ду мавзўъ корњои илмї-тањќиќотї гузаронида ме-шавад. Дар самти корњои илмї-тањќиќотї ва илмї – методї омўзгорони кафедраи мазкур фа-ъол буда, аз љониби онњо зиёда аз 80 маќолаю фишурдањо дар маљаллањо ва конференсияњо нашр гардидааст. Бештари маќолањо ба ќалами профессор Шарипов Љ. тааллуќ доранд.

Дар кафедра семина-ри илмї-методї тањти ун-вони «Масъалањои акту-алии методикаи таълими математика» (роњбараш профес-

сор Љ. Шарифов) амал мекунад. Семинари илмї њамаи устодони кафедра аспирантон, унвонљўёни кафедрањои дигари факулта ва магистрантњои ба кафедра воба-ста кардашударо фаро гирифта-аст.

Дар кори тайёр кардани муњаќиќони ояндаи илмї семи-нар сањми муносиб гузошта ис-

тодааст. Ќайд кардан ба мав-рид аст, ки дар донишгоњ шўрои диссертатсионї аз рўи методикаи таълими математика ва инфор-матика амал мекунад, ки ќариб њамаи корњои унвонљўён дар ин кафедра муњокима ва баррасї мешаванд.

Соли 2019 аз љониби омўзгорони кафедраи системаи идоракунї - иттилоотї њамагї 15 маќолаю фишурдањо ба табъ расидаанд, ки аз ин теъдод њамагї 2-тояш дар маљаллањои таќризшавандаи КОА мебо-шад. Омўзгорони кафедра дар конференсияњои дохилию беру-на ширкат меварзанд. Мувофиќи ахбори мудири кафедра баъд аз он, ки дар соли тањсили равон дар њайти кафедрањои факул-тет таѓйирот ба амал омада-аст, то њол семинари илмї дар якљоягї бо кафедраи информа-тика ва технологияи иттилоотии комуникатсионї ташкил карда шудааст.

Дар кафедраи системаи идоракунии-иттилоотї мањфил бо номи «Системањои автома-тикунонидашудаи алоќа» тањти роњбарии ассистент Розиќов Набиљон амал менамояд. Гар-

чанде мањфил фаъол бошад њам, кори мањфил бењбудї мехоњад.

Кафедраи информатика ва ТИК 25 нафар аъзо дорад. Вале дар ин кафедраи навтаъсис ягон омўзгори домии дараљаи илми-дошта фаъолият намекунад. Дар кафедра наќшаи корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методї барои соли 2020 ва наќшаи панљсола мављуд аст ва дар шўрои олимони донишгоњ тасдиќ карда шудааст. Дар кафедраи мазкур њисоботи корњои илмї – тањќиќотї ва илмї – методии омўзгорон мављуд ва натиљаи корњои илмии кафедра дар он дарљ гардидааст. Омўзгорони кафедра дар конференсияњои байналмиллалї ва љумњуриявї иштирок карда, дар соли 2019 15 маќолаю фишурдањо ба табъ ра-сонидаанд.

Дар кафедра семинари илмї-методї дар якљоягї бо ка-федраи системаи идоракунии иттилоотї амал мекунад. Ќайд кардан ба маврид аст, ки кори семинар бењбудї мехоњад. Муди-рони кафедрањои дахлдор бояд дар ташкил кардани семинарї илмї аз устодони таљрибадор маслињатњо гиранд. Корњои ил-мии омўзгорон Наимзода Н.Ќ. ва Гулов С.Њ. дар арафаи њимоя ќарор доранд. Дар кафедра наќшаи аз курси такмили ихтисос гузаштани омўзгорон ташкил кар-да шудааст ва омўзгорон тибќи он аз курси такмили ихтисос ме-гузаранд.

Мутаассифона, дар кафед-рањои факултети математи-ка - информатика омўзгороне низ кору фаъолият доранд, ки ба корњои илмї-тањќиќотї ва илмї-методї на чандон диќќати љиддї медињанд ва дар соли њисоботї ягон маќола ё дастур нанавиштанд. Дар ќисмати ма-тематика корњои илмї хубтар ба роњ монда шуда бошад њам, вале дар ќисмати информатика омўзгорони зиёде кору фаъоли-ят доранд, ки то њол мавзўъ ва самти корњои илмиашонро му-айян накардаанд. Ба омўзгорони љавони факулта тавсия дода ме-шавад, ки нисбати ин кор љиддї муносибат намуда, то охири соли хониши равон мавќеи худро му-айян созанд.

П. ЯТИМОВ –мудири кафедраибиологияи умумї

Наќшањои инфиродї ва талабот ба он

ТАЊЛИЛ

Як факултет дар масири рушд

Сањ. 8 6 феврали соли 2020. № 3 (410)

Муњаррир:Ќудратулло НАИМОВ

Рўзнома њар њафта як маротибаба забони тољикї нашр мешавад.

Нишонї: ш.Бохтар, кўчаи Айнї - 67Почтаи электронї: [email protected]

Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи рўзнома метавонад бо муал-лифон њамфикр набошад ва дурустии арќому далелњо бар дўши муаллифон аст. Матолиби муаллифони

беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14 пазируфта мешавад.

Њайати мушовара:А. Комилї, Х. Раљабов, Ќ. Абдурањимов,Њ. Муродиён, А. Гадозода, Љ. Шарифов.

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон

тањти №539 сабти ном шудааст ва аз 1 сентябри соли 2000 нашр мешавад.

Адади нашр: 9650 нусха

Њафтанома дар матбааи ЉДММ «Аниса-95» чоп шудааст.

Ба чопаш 6. 02. 2020 иљозат дода шуд.

Чу фармонпазиранда бошад писар,Навозанда бояд, ки бошад падар. Фирдавсї

Китоб - дунёирангиниормонњо

Яке аз сабабњои асосии гумроњии љавонони имрўза дар дарку фањмиши амиќ на-доштан, нахондани китоб, махсусан китобњои бадеї, надонистани таъриху фарњангї миллї ва худшиносию худогоњї мебошад. Бузургони мо мефармоянд, ки «адабиёти бадеї метавонад ба шумо олами дигареро нишон дињад. Он мета-вонад шуморо ба оламе барад, ки шумо дар он љо ягон ваќт набудед. Шумо як дафъа оламњои дигарро сайр карда, мисли одамњое, ки мевањои муъљизанокро чаши-даанд, њаргиз аз оламе, ки дар он камол ёфтаед розї нахоњед буд. Норозигї пади-даи хуб аст. Одамони норозї метавонанд олами худро дигар ва бењтар намоянд».

Бисёр боиси таассуф аст, ки љавонони би-сёр кам китоб мехонанд. Аз њамин сабаб онњо ба њар гуна гумроњон њамроњ шуда, њаёти ху-дро дар хатар мегузоранд. Бисёр хуб мешуд, ки љавонони мо бештари ваќти худро бо мутолиаи китоб сипарї намоянду китобхонаро њамчун махзани илму дониш, даргоњи муќаддас донанд, зеро њангоме ки ба китобхона ворид мегардї аз китобњои безабон њазорњо сухан мешунавию њазорњо маънї ба худ мегирї. Бояд њар як фар-ди солим дарк намояд, ки китобхонї онњоро аз роњи фисќу фасод, фањшу фоњишагї, дуздию роњзанї ва аз њама амалњои ношоям дур ме-созад. Воќеан донишмандон дуруст иброз до-штаанд, ки «Китобхонањо дарвозањои љањони ояндаанд. Бинобар ин, таассуфовар аст, ки баъзе шахсон барњам задани китобхонањоро воситаи осони нигоњдории маблаѓ мењисобанд, аммо онњо намефањманд, ки барои пардох-ти имрўз аз њисоби оянда медўзданд. Онњо дарвозањоеро, ки бояд бикушоянд, баръакс ме-банданд».

Пас, дўстони азиз, набояд фаромўш сохт, ки аз њама дўсти беозор, ѓамгусор китоб аст. Китоб аст, ки бо мутолиааш дари дунёи рангинеро, ки њама кас дар њасрати он аст, барои худ кушо-да мекунї ва тамоми ѓуссањои хешро фаромўш месозї.

С. РАСУЛОВ –омўзгори факултети химия - биология

Имрўзњо дар саросари мамлакатњои дунё мардум аз тољвирус (коронавирус) њарф мезананд, ин вабо мардумро ба њарос андохта ќариб, ки тамо-ми сайёраро ба тањлука овар-дааст. Табибони мо дар барои бехатарии мардуми кишвар пешгирии бемориро роњи бењтар мешуморанд.

Бино ба суханони табибон роњњои пайдошавии тољвирус (коронавирус) – шамолхўрии шадиди роњњои нафас аст, ки тариќи вируси ангехта меша-вад. Ин аз гурўњи ба њам аз љињати ирсї наздики вирусњо мебошад, ки ба њайвонот ва одамон сироят ме-кунад. Гоњњо чунин сироят бенишон, ба шакли шамолхўрии назарногир сипарї мешавад. Дар њолатњои ваз-нин сирояти мазкур газаки шушро ба миён оварда, метавонад ба узвњои њозима низ осеб расонад ва сабаби марг гардад.

Табибон њушдор медињанд, ки тољвирус аз бемор ба шахси солим одатан ба воситаи чакрањои луобу оби бинї ва балѓам, ки дар худ вирус до-ранд, дар ваќти гуфтугў кардан, атса задан ва сулфа мегузарад. Њангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атро-фиён хеле хатарнок аст. Инчунин њар чизе, ки бемор дар наздикии он ќарор гирифта буд, ё даст расонид, матаво-над манбаи вирус ва сироят гардад. Вирус метавонад њатто дар давраи инкубатсионї, яъне давраи номаълу-миаш аз одами касал ба каси солим гузарад.

Мутахассисони соњаи тиб љињати сироят наёфтан аз ин бемории музмин ба њамдиёрони худ чунин маслињатњои муфид медињанд:

-рељаи кор ва дамгириро риоя кунед. Аз хоб сер шавед. Љисми наѓз дамгирифта барои касалињо як дижи дастнорас мешавад;

-дуруст ѓизо хуред — барои соли-мии љисм њар рўз на кам аз 400 грамм мањсулоти растанигї истеъмол бояд

намуд. Хўрок бояд гунон ва аз маводи фоиданок бой бошад;

-мањсулоти хўроворї, инчунин сабзавоту меваљоту кабудињоро танњо баъди бо оби гарм шустан истеъмол намоед;

-ба дараљаи кофї об нўшед – ба њисоби миёна 30 мл ба 1 кг вазни љисм. Оби хунукро нанўшед. Обро ќисм —ќисм дар давоми рўз ва ним соат пеш аз тановули хўрок ва байни хўрокхўрї нўшед;

-љисман фаъол бошед – гимнасти-каи њамарўзаи бамеъёр масъунияти љисмро то 32% баланд мебардорад, дар њоле, ки женшен њамагї 11 % ва зарбех 19% масуниятро метавонанд афзун намоянд;

-баданро обутоб дињед. Ин роњи маълуму маъруфи пешгирии касалињо мебошад;

-ба љойњои серодам то метаво-нед камтар равед. Аз дастфишорї ва рўйбусї бо одамон худдорї кунед;

-ба одами бемор бе воситањои муњофизатї наздик нашавед ва аз ў 3 метр дуртар истед;

-аз танпоккун, рўйљоњо, зарфњо ва дигар воситањои шахси бемор исти-фода набаред;

-аз маскаи љарроњии тиббї исти-фода баред. Шояд маскаи бењтарин маскаи чорќабатаи докагї бошад, ки дар миёнаш ќабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Каши-дани ниќоби тиббї ба рўй њангоми муоширати сињат бо бемор ва бемор бо сињат барои пешгирии касалшавї зарур аст.

Дар љойњои серодам аз ниќоби тиббї истифода баред — дар наќлиёт, љои кор, љои дарсомузї, консертњо, чорабинињои варзишї ва ѓайра;

-оби бинї ва ё луоби дањону балѓамро дар љойњои кушод берун на-партоед;

-дастонатонро баъди њар дафъаи ба предметњои беруна расидан бо со-бун шўед;

-хонаро тез — тез њаво дињед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед;

-љойгањи касалро аз дигарон бо парда људо намоед;

-тамоку ва нос накашед. Агар им-кони партофтан нест, пас камтар ка-шед, то зарари он ба шумоён камтар шавад. Инчунин, дар љойњои беодам тамоку кашед ва партоби носро танњо ба канализатсия /ташт партоед, то, агар касал бошед, вирусатон ба ди-гарон сироят накунад. Тамокуву нос ѓайри љисми шуморо зањролуд наму-дан, масъунияти шуморо паст мефа-рорад, ќобилияти девории пардањои луобиро то 3 баробар паст карда, барои гузаштани вирусњо аз ќабати онњо шароит муњайё месозад. Дар

љойњои љамъиятї, истгоњњо, вокзалњо, фурўдгоњњо, гузаргоњњои зеризаминї ва роњњои пиёдарав, дар наздикии даромадгоњњои маѓозањову корхонањо тамоку накашед. Одамони аз ин пойбандагї озод бояд худашонро аз дуд эњтиёт кунанд;

-нўшокињои спиртї нанўшед. Онњо љисмро зањролуд намуда, масъ-униятро заиф мегардонанд, пардањои луобиро хушк намуда, ќобилияти муњофизавии онњоро паст менамоянд ва барои вирусњо дарро мекушоянд;

-њар рўз на кам аз 3 бор биниро бо намакоби соданок (ним ќошуќча на-маки ошии бањрї, ним ќошуќча содаи ошї, 1 стакан оби ширгарм) бо роњи кашидан ба бинї шўед. Гулўро низ бо намакоб баъди хўрок ѓарѓара намоед. Хусусан баъди муошират бо одамон ин амал њатмист;

-некназар ва некандеш бошед. Некназарї масъуниятро мустањкам месозад. Фаромўш накунед, ки та-факкури мо то андозаи муайяне воќеиятро меофарад.

Саломатї гавњари ноёб ва бењтарин неъмат аст. Аз ин рў, кўшиш намоем, то ки худ ва дигаронро аз ин гуна вирусу беморињои марговар эмин нигоњ дорем. Тамоми гигиенаро риоя намуда, боэњтиёт бошем.

Э Ъ Л О НДонишгоњи давлатии Бохтар ба номи

Носири Хусрав барои ишѓоли вазифањоизерин озмун эълон менамояд:

1. Профессори кафедраи биологияи умумї - 1 љой2. Саромўзгори кафедраи системаи идоракунї-

иттилоотї - 1 љой.

Хоњишмандон метавонанд њуљљатњои худро тўли як моњ, баъд аз интишори эълон, ба шуъбаи илми донишгоњ пешнињод намоянд.

Э Ъ Л О НШўъбаи кадрњои донишгоњ бо маќсади дарёфти шахсони лаёќатманд миёни

омўзгорону донишљўён озмуни «Хушнависи бењтарин»-ро

аз 4.02.2020 то 24.02.2020 эълон менамояд.Ба озмун њамаи хоњишмандоне, ки њунари бо хати

зебо навиштанро доранд, метавонанд иштирок намоянд. Маълумоти бештарро оид ба озмун метавонед аз шуъбаи кадрњои донишгоњ дастрас намоед.

Шўъбаи кадрњои донишгоњ

Пири хирадмандЉавони зиштрўе дар назди омма њакимеро бисёр сахт тањќир намуд, вале ѓайринтизори њама, муйсафед чизе нагуфт, баръакс, лабханде заду хост роњашро идома дињад. Яке аз шоњидони њол пурсид:

- Чаро ин гуна рафтор кардї? Магар лоиќи њаќорат будї!

- Пирамард, њамчунон, оромона гуфт:- Бо ман биё!Баъди чанд фурсат њар ду ба вайронае раси-

данд. Њаким шамъ фурўзон карду аз кадом як љињози сандуќмонанде либоси љанда берун овард ва ба љавон пешнињод кард, ки бипўшад.

Љавон якбора ба ѓазаб омада гуфт:- Чаро ман бояд ин либосро ба бар кунам? Ма-

гар намебинї, ки кўњнаву бўйгин ва њам фарсуда аст?- Ана дидї, писарам! -гуфт њаким, -ту нахостї

либоси даридаву кўњнаро бипўшї. Њарфњое, ки аз он љавони сархуш шунидам, барои ман мисли њамин љандаи бўйгине буданд, ки пўшиданашро лоиќ надони-стам.

Тањияи ОЗОДАИ Р.

АНИСИ КУНЉИ ТАНЊОЇ...

Илољи воќеаро пешаз вуќўъ бояд љуст

ЊИКМАТИ ЗИНДАГЇ